Тоҷикистон тасмим дорад ба рушди соҳаи сайёҳӣ кумакҳои техникии Ҳукумати Японияро ҷалб намояд

Апрель 9, 2021 08:14

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар/. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Хукумати  ҷумҳурӣ.

Сафири Япония  ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ,  экологӣ ва солимгардонӣ изҳор намуд.

Зикр шуд, ки  ба роҳ мондани омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ, технологияи иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ идомаи равобити муштараки илмию фарҳангии ду кишвари бо ҳам дӯст мебошад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Япония дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод намуд, ки барои рушди соҳа кумакҳои техникии Ҳукумати Япония ҷалб карда шуда, имконияти мулоқоти маҷозии ширкатҳои сайёҳии ҷонибҳо баррасӣ мешавад. Ҷониби Япония пешниҳодро ба хушӣ пазируфта, барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

АКС аз Кумитаи рушди сайёҳӣ

Апрель 9, 2021 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад