Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ-иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором мулоқот намуд

Апрель 6, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби иҷроияи Комиссияи иҷтисодӣ-иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишаҳбана дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба коҳиши пайомадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, ислоҳоти СММ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва иштироки Тоҷикистон дар иҷлосияи 77-уми Комиссияи мазкур, ки 26-29 апрели соли 2021 дар шакли видеоконфренсия  баргузор мегардад,  табодули назар намуданд.

Инчунин ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт ва иқтисодро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки барои дастгирии кишварҳои узв дар самти татбиқи  ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 фаъолгардонии механизми ҳамкории комиссияҳои минтақавии СММ бо тими кишварии СММ тавассути ҷалби сармоя, аз ҷумла бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Апрель 6, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид