«ПАС АЗ ВАКСИНАТСИЯ ЯГОН ОРИЗА ЭҲСОС НАШУДААСТ». Имрӯз рӯзноманигор, муаллиф ва барандаи барномаи Радиои «Ховар» ваксина гирифт

Апрель 7, 2021 16:35

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 22 март Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар асоси ин қарор 23 март дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маъракаи ваксинатсия (иммунизатсия) бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон расман оғоз ёфт.

Имрӯз дар доираи ин маъракаи муҳим  корманди Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, муаллиф ва барандаи барномаи «Соярӯшан»-и Радиои «Ховар»  Суғдмеҳри Маъруфзод низ дар қатори кормандони соҳаи тиб ваксина гирифт.

Пас аз ваксина гирифтан номбурда зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Ҳукумати мамлакат барои саривақт дастрас намудани ваксина арзи сипос намуда, иброз дошт, ки ягон ориза эҳсос накардааст.

«Арзи сипос ба Ҳукумати кишвар, ки саривақт ба ваксинаи зидди бемории каронавирус дастраси пайдо намуданд. Ҳамин лаҳза банда аз ваксинатсия гузаштам ва ягон ориза эҳсос нашудааст», — баён дошт С. Маъруфзод.

Бояд тазаккур дод, ки шоми 8 март аввалин бастаҳои ваксинаи «AstraZeneca» ба миқдори 192 000 воя дар чаҳорчӯби механизми «COVAX» ба Тоҷикистон ворид карда шуд.

Ваксинаи ширкати британиягию шведии «AstraZeneca» миёни доруҳо аз рӯи шумораи тасдиқ барои истифода аз ҷониби танзимкунандагон дар ҷаҳон ҷои аввалро гирифтааст. Ҳоло он дар 61 давлати ҷаҳон истифода мешавад. Ваксинаи русии «Sputnik V» дар ҷои дуюм ва ваксинае, ки ширкати амрикоии «Pfizer» истеҳсол кардааст, дар ҷои сеюм қарор гирифтаанд.

Дар робита ба ваксинаи «AstraZeneca» дар як қатор кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Дания, Италия, Норвегия, Исландия ва Эстония сару садоҳо вобаста ба оризаҳо баъд аз ваксинатсия сар зад ва мақомоти ин давлатҳо тасмим гирифтанд, ки истифодаи онро бинобар ҳолатҳои лахташавии хун дар бемороне, ки  ваксина кардаанд,  боздоранд.

Дар пайи ин ширкати «AstraZeneca» дар посух ба тасмими давлатҳои аврупоӣ изҳор дошт, ки доруи онҳо тибқи натиҷаи санҷишҳои клиникӣ дар  беморон таъсири хуб нишон дод.

Дар навбати худ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иттилоъ дод, ки дар ҷаҳон ба зиёда аз 268 миллион нафар ваксина бар зидди коронавирус гузаронида шуда, то ҳол ягон ҳодисаи марг аз ин ваксинаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

«То санаи 9 март, тибқи маълумоте, ки СУТ аз ҳукуматҳои миллӣ гирифтааст, аз оғози пандемия ба беш аз 268 миллион нафар ваксина бар зидди COVID-19 гузаронида шудааст. То имрӯз ягон ҳодисаи марги марбут ба ваксинаҳо бар зидди COVID-19 муайян карда нашудааст», — гуфт намояндаи расмии СУТ Тарик Яшаревич.

Намояндаи расмии СУТ тазаккур дод, ки ҳамчун чораи эҳтиётӣ якчанд кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифодаи гурӯҳи махсуси ваксинаи «AstraZeneca»-ро бар асоси гузоришҳо дар бораи лахта шудани хун дар нафароне, ки ваксина гузарондаанд, боз доштаанд.

Тарик Яшаревич афзудааст, ки ин тасмим ҳамчун чораи эҳтиётӣ, то анҷом ёфтани тафтишоти пурра, гирифта шудааст.

Тавре имрӯз директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» — Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ба ҳолати бегоҳи 6 апрел дар маҷмӯъ дар мамлакат 16017 нафар аз ваксинатсия гузаштаанд. Аз 31 марти соли равон иммунизатсия байни кормандони Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷараён дорад ва хушбахтона то ҳоло ягон оризаи ҷиддӣ аз ин ваксина ба қайд гирифта нашудааст.

«Ҳоло дар назар аст, ки дар ин давра кормандони соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм низ ба иммунизатсияи зидди коронавирус фаро гирифта шаванд.   Дар ояндаи наздик иммунизатсия дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ  идома меёбад», — тазаккур дод ӯ.

Шӯрои уламои Тоҷикистон низ 1 апрел ба сокинони кишвар муроҷиат карда, онҳоро даъват намуд, ки бетаъхир ва таъҷилан аз ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 гузаранд.

Апрель 7, 2021 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»