ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Восеъ меҳмонхонаи «Сайёҳон» бунёд мешавад
ВОСЕЪ, 29.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ аз ҷониби соҳибкори шинохта Авазхон Кабиров меҳмонхонаи замонавии «Сайёҳон» ба истифода дода мешавад.
Тавре роҳбари сохтмон Асадулло Абдуллоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бинои мазкур аз 4 ошёна, 46 ҳуҷра барои 150 нафар иборат буда, дар он барои сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ шароити хеле хуб фароҳам оварда мешавад.
Бинои меҳмонхона дар масоҳати 90 сотих ҷойгир шуда, дар атрофи бино боғи дарахтони мевадиҳанда, ду адад ҳавзи шиноварӣ, фаввораҳои дилфиреб, ҷои лимӯпарварӣ, дар қисмати берунаи бино истироҳатгоҳи ҷолиб барои меҳмонон ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешаванд. Айни ҳол дар сохтмони бино 40 нафар сохтмончӣ фаъолият дошта, корҳои сохтмонии бино 98%-ро дар бар гирифта, то арафаи ҷашни дарпешистода бо сифати баланд ба истифода дода мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз 300 то 400 нафар сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ аз ноҳияи Восеъ боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихии он шинос мешаванд.
Соҳибкор Авазхон Кабиров ба мардуми ноҳияи Восеъ хизмати шоён расонида, тӯли солҳои охир дар маркази ноҳия бозори замонавии «Султони Кабир», толори варзишӣ, майдони варзишии дорои 5000 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ барои кӯдакон, маркази савдои сеошёна, коргоҳи дӯзандгӣ барои занон ва духтарон ва якчанд биноҳои дигарро, ки ноҳия ба онҳо ниёзи бештар дорад, бунёд намудааст.
Бино ба иттилои раиси ҷамоати мазкур Ибодулло Неъматзода, бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар ҳудуди ҷамоат боғи фарҳангӣ, Парчами миллӣ, корхонаи бофандагӣ ва адрасбофӣ, ки аз 4 ошёна иборат буда, дар оянда метавонад 150 нафарро ба кор қабул намояд, корхонаи обҳои ташнагишикан, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, боғчаи кӯдакон барои 216 нафар, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва якчанд биноҳои дигар аз ҷониби соҳибкорони дохилию ватанӣ ба истифода дода мешаванд.













Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад






