ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони ноҳияи Сангвор дар деҳаи Лайрони боло пули пиёдагузар месозанд

Май 18, 2021 08:54

САНГВОР, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Лайрони болои деҳоти Сангвор бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ пули пиёдагузар ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон сохтмони биноҳои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар  ноҳияи Сангвор, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, хатти баландшиддати 35 кВт Шугнов-Тавилдара,  толори варзиш дар деҳоти Чилдара, толори варзиш ва бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Вахё идома дорад.

Сармеъмори ноҳияи Сангвор Талбӣ Назаров  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода додани 107 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сартарошхонаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори  сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 70  иншоот  мавриди  истифода қарор дода шуда, дар  37 иншооти дигар  корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамчунин баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бунёди меҳмонхона дар маркази ноҳия, ҳавзи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара ва якчанд иншооти хурди маданию маишӣ ба наздикӣ анҷом меёбад.

Сармеъмори ноҳия тазаккур дод, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни    миллӣ дар ноҳияи Сангвор корҳои бунёдию созандагӣ  идома дошта, дар чор моҳи соли 2021 аз буҷети маҳаллӣ  барои таҷдиди сохтмони биноҳои маъмурии  Ҷамоати деҳоти «Тавилдара», шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва боғи фарҳангӣ — фароғатӣ 640 ҳазор сомонӣ  сарф гардидааст.

Бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани шумораи хонандагон дар ноҳия зарурати бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ пеш омадааст. Тибқи нақша, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 6, 12, 14, 31 синфхонаҳои иловагӣ сохта ва дар марказҳои ҷамоати деҳоти ноҳия 4 майдончаи варзишии замонавӣ низ бунёд шудаанд.

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва муаллиф

Май 18, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд