Анна Бйерде: «Бонки ҷаҳонӣ шарики қавӣ ва боэътимоди Тоҷикистон мебошад»
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти сарварии ноиби президент Анна Бйерде, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Пас аз мулоқот ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде дар брифинг барои намояндагони ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат варзид.
Анна Бйерде зикр кард, ки «дар мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳо ва ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намудем. Аз ҷумла, яке аз онҳо дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба бартараф намудани пайомадҳои COVID-19 буд. Дар ин росто Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии соҳаи тандурустӣ ва таъмини аҳолии ниёзманди Тоҷикистон кумак расонида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, аз барномаҳои фаврии Бонки ҷаҳонӣ бархурдор шуд. Дар доираи барномаҳо барои Тоҷикистон миқдори муайяни вояҳои ваксинаи зидди коронавирус дастрас шуд».
Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде таъкид намуд, ки дар мулоқот инчунин масъалаҳои ислоҳоти андоз, рақамикунони иқтисодиёти Тоҷикистон, ки барои сармоягузорони оянда ва бахши хусусӣ фазои устувортар фароҳам меорад ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири мусбат мерасонад, баррасӣ гардид.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконоти гидроэнергетикӣ ва захираҳои бойи энергияи сабз буда, метавонад бо он тамоми кишвар, инчунин минтақаро таъмин намояд», — гуфт Анна Бйерде.
Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде зикр намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ чун яке аз шарикони қавӣ ва боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди баробар боқӣ мемонад.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






