АЗ ЭҲСОС ЭҲТИМОЪ КУНЕД! Муроҷиати узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Нозир Ёдгорӣ ба ҳамкасбон

Май 4, 2021 14:37

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба муноқишаҳои даргире, ки охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рух доданд, рӯзноманигорону адибони шинохтаи мамлакат аз аҳли қалам даъват менамоянд, ки дар муносибат нисбат ба ин мавзӯъҳо ба эҳсосот дода нашаванд.  Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоки журналистони Тоҷикистон Нозир ЁДГОРӢ   дар ин робита ба аҳли қалам муроҷиат намуда, аз ҷумла иброз доштааст:

«Дӯстони гиромӣ, ба эҳсосот дода нашавед. Тавре Мавлонои Балхӣ фармудааст:  «Эҳтимо кун, эҳтимо з-андешаҳо». Ҳукумат кор карда истодааст. Ҷанг дар ягон давру замон ягон проблемаро ҳал накардааст. «Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад», —  изҳор намуд Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов.

«Мардум дӯстанд, онҳо ба ҳамдигар даъвое надоранд. Мо бояд ба мардумонамон имкон диҳем, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд. Имрӯз дар мулоқоти намояндагони ду давлат мо дар бораи ҳалли масъалаҳои таъмини сулҳ дар сарзамини қирғизҳову тоҷикон ба тавофуқи усулӣ расидем. Боварӣ дорам, ки мо ин корро карда метавонем ва дар муддати кӯтоҳ ҳамаро ҳал хоҳем кард», — гуфт ӯ.

Чуноне аз иттилои расмӣ бармеояд, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2,  моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2, моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Ба ғайр аз ин, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, манзилҳои истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудаанд, дар муддати як моҳ пурра барқарор мешаванд. Дар ин бора 3 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни машварати корӣ изҳор дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кумакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад.

Аз иттилои расмӣ бармеояд, дар ин рӯзҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони аксари давлатҳои Осиёи Марказӣ суҳбатҳои телефонӣ анҷом дода, бобати пурра барҳам додани ин буҳрони сиёсӣ тадбирҳо меандешанд.

Мо ба Миллати худ, Давлати худ, ба Сарвари худ, Қувваҳои мусаллаҳи худ ва дурустии мавқеи худ пурра эътимод дорем. Касеро намегузорем, ки ба як ваҷаб хоки кишвари мо бо чашми тамаъ нигоҳ кунад.

Ба эҳсосот дода шудани мо, дар сари қаҳру ғазаб ба иззатти нафси якдигар расидан метавонад ба ин раванд ва зиндагии осоиштаи ин ду миллат халали ҷиддӣ ворид созад.

Ҷанг мебошад ба монанди наҳанг,
Мекашад бар коми худ шеру паланг.
Як дақиқа фикри фарзандат намо,
Эй, ки ту даъват менмоӣ ба ҷанг.

Май 4, 2021 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид