Аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 7 кг «Метамфетамин» мусодира гардид

Май 19, 2021 08:27

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёти махсус аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 7 килограмм маводи  психоторопии «Метамфетамин»-ро ошкор ва мусодира намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «Дейво-Нексия», ки ба сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ дошт,  як адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилаш маводи кристаллии рангашон сафед  бо вазни холиси 983 грамм ҷойгир буд, дарёфт гардид.

Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишӣ маълум гардид, ки соҳиби мошин бо маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслаки худ, ки қаблан суд шудааст, бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан миқдори махсусан калони моддаҳои психотропии «Метамфетамин»- ро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, як қисмашро таввасути мошини дар боло зикр шуда аз шаҳри Ҳисор ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқол дода, боқимондаашро дар манзилҳои зисти худ ғайриқонунӣ нигоҳ медорад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- тафтишотии иловагӣ манзили шахси боздоштшуда мавриди аз назаргузаронӣ қарор дода шуда, аз анборхонаи он зиёда аз ду килограмм моддаҳои психотропии навъи «Метамфетамин» бозёфт гардид. Ҳаҷми умумии маводи психотропии мусодирашуда 7 кг 393 граммро ташкил медиҳад. Айни ҳол нисбат ба боздоштшудагон бо моддаи 200 қисми 4 банди «Д» Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Нахустин маротиба моддаҳои психотропии метамфетамин дар қаламрави  Тоҷикистон  соли 2012 мусодира гардида буданд. Маводи мусодирашуда аз миқдори калони яклухт  иборат  буд, ки аз Эрон тариқи транзит бо қаламрави Тоҷикистон ва Қазоқистон ба Малайзия интиқол дода мешуд. Он дар ашёи махсуси омодагардидаи дорои махфигоҳ ҷойгир буд. Вазни метамфетамини мусодирагардида 62,895 килограммро ташкил дод.

Дар ҳамон сол боз як ҳолати мусодираи метамфетамин дар маҷмӯъ ба миқдори 92 грамм аз ду шаҳрванди Эрон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд. Онҳо мақсад доштанд, ки маводи мазкурро ба таври чакана ба фурӯш  бароранд. Солҳои 2013-2016 ягон ҳолати мусодираи метамфетамин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуд.

Шурӯъ аз соли 2017 ҳолатҳои мусодираи метамфетамин дар якчанд минтақаҳо (шаҳри Душанбе, Бадахшон ва Хатлон)-и Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, ки онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва  Афғонистон содир гардидаанд. Соли 2019 нисбат ба соли 2018 ҳам метамфетамини (гидрохлориди) намуди дорои кристаллҳои калон (кристаллҳо бо дарозии аз 2 то 16мм ва бо паҳнои аз 2 то 6мм) ва ҳам метамфетамини намуди дорои кристаллҳои хурд (кристаллҳо бо ҳаҷми 1-2мм) мусодира гардид. Зарфи панҷ соли охир ошкор ва мусодира гардидани маводи синтетикӣ ва психотропӣ хусусияти систематикӣ пайдо намудааст, ки ин мояи нигаронист.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Метамфетамин — яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор ва  намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводи нашъаовар дорад. Вобаста аз намуди зоҳириаш ба ин мавод номҳои кӯчагии «Кристалл», «Шиша» ва «Ях»-ро мансуб медонанд. Ин мавод дар озмоишгоҳҳои ғайриқонунии давлатҳои хориҷӣ омода ва бо роҳи қочоқ ба дигар давлатҳо интиқол дода мешавад.

Вобаста аз усули истифода таъсири он баъд аз 20-30 сония оғоз ёфта, аз 6 то 12 соат идома меёбад. Дар ин асно дар одамон ҳолатҳои ҳаяҷон, гумшавии иштиҳо, афзоиши фаъолияти ҷисмонӣ ва ё баръакс хастагӣ ва хоболудӣ, эътимоди зиёд ба худ ва ҳисси зиёдшавии қувват, афзоиши ноустувории рӯҳӣ, такрори ҳаракатҳо, вайроншавии рӯҳия, тангшавии рагҳои хунгард ва баландшавии фишори хун, сустшавии ҳозима, баландшавии ҳарорати бадан, сактаи мағзи сар, таназзули илтиҳобии асабҳо, халалдоршавии таппиши қалб ва аз кор мондани он ба миён меоянд. Истеъмоли ин гуна мавод ҷавононро гумроҳу фирефта намуда, ба солимии ҷомеа ва генофонди миллат зарбаи манфӣ мерасонад. Мутаассифона, нашъаҷалобон ба хотири гарм намудани бозори ҷиноии худ кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу восита ҳазорон нафарро ба доми фиреби худ гирифтор намоянд.

Синтез, фурӯш ва интиқоли  моддаҳои синтетикии нашъадор тибқи Конвенсияи СММ дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷиноят мебошад.

АКСҲО  аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Май 19, 2021 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — МУҲОФИЗИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МАРДУМ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон