БА ДИҚҚАТИ МУСОФИРОН! Дар ҳолати мушоҳида намудани ҳолатҳои боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймо ба Агентии авиатсияи гражданӣ занг занед
ДУШАНБЕ, 22.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре имрӯз хабар додем, ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия – «Сибирь», «Уральские авиалинии» ва «Ямал» бо мактубҳои расмӣ ба дархостҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии худро баён намуда, ҳамзамон зикр намуданд, ки минбаъд нархи чиптаи ҳавопаймоиро ба самтҳои гуногуни Федератсияи Россия на беш аз 500 доллари ИМА ба фурӯш мебароранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маъмурияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, кӯшишҳои шабонарӯзӣ ба харҷ дода мешавад.
Азҷумла, барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, мусофирони кишварамон ва таъмини онҳо бо чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо нархи дастрас, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дода шуд.
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия дархост намуд, ки нархҳои чипта дар доираи арзиши аслӣ танзим карда шуда, арзиши чипта поён фароварда шавад. Дар ин асос, ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия — “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Ямал” бо мактубҳои расмӣ ба дархостҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии худро баён намуда, ҳамзамон зикр намуданд, ки минбаъд нархи чиптаи ҳавопаймоиро ба самтҳои гуногуни Федератсияи Россия на беш аз 500 доллари ИМА ба фурӯш мебароранд.
Вобаста ба ин, хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, аз ин ширкатҳои номбурда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд.
Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз ҷониби нуқтаҳои фуруши чипта, аз арзиши муқарраргардидаи болозикр, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои боварии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 236-53-34 муроҷиат намоянд.
Инчунин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймоӣ ҳатман расиди он (чек) талаб карда шавад ва дар сурати пешниҳод накардани расид чипта харидорӣ накунанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






