Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 30 ширкати беҳтарини Тоҷикистон маҳсулоташонро ба намоиш-фурӯш бароварданд

Май 6, 2021 15:24

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  аз  6 то 9 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ баргузор мегардад. Намоиш-фурӯши мазкур дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон — 2021» шурӯъ аз имрӯз оғоз гардид.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар намоиш номгӯи зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳо барои хона, маҳсулоти қаннодӣ, навъҳои ҳасиб, нӯшокӣ, маҳсулоти ширӣ, ороишӣ, кимиёӣ-маишӣ манзури  харидорон гардонида шуданд.  Дар намоиш-фурӯши мазкур истеҳсолкунандагон моли худро бо нархи яклухт ва аз нархи бозорҳо пасттар пешниҳоди ҳамагон мегардонанд. Меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар баробари шиносоӣ бо намудҳои гуногуни маҳсулот, ҳамчунин онҳоро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.

Муовини Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода зимни ифтитоҳи намоиш-фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ зикр намуд,  ки «имрӯз дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ширкати беҳтарини мамлакат  маҳсулоти худро дар намоиш-фурӯши мазкур пешниҳоди харидорон намуданд. Баргузории чунин ярмаркаҳо имконияти хубест барои ҳам ширкатҳо ва ҳам мизоҷон, зеро ба воситаи он ширкатҳои ватанӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро бештар муаррифӣ мекунанд ва сокинон бо нархи арзон  дилхоҳ маҳсулоти заруриашонро дастрас менамоянд».

Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насимҷон Анваров   дар намоиш-фурӯши мазкур иброз намуд, ки дар  мамлакат  тамғаи писандида зиёд буда, молу маҳсулоти дилхоҳ ширкатро аз рӯи тамғааш мешиносанд.

-Имрӯз ки намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» баргузор гардида истодааст,  бо ин роҳ сокинон муайян мекунанд, ки молу маҳсулоти кадом ширкат беҳтар мебошад,-иброз дошт Насимҷон Анваров.

Намояндаи комбинати «Шири Душанбе» Усмон Имомов дар суҳбат бо мо баён дошт, ки  «дар намоиш-фурӯши мазкур 86 навъи маҳсулоти ширӣ, ки комбинати «Шири Душанбе» истеҳсол менамояд, пешниҳоди харидорон гардонида шуд. Мо пайваста кӯшиш менамоем, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаамонро чӣ дар ярмаркаҳо ва чӣ дар бозору мағозаҳо бо нархи арзон дастраси харидорон намоем».

Намояндаи ширкати маҳсулоти қаннодии «Ширин» Парвина Сайфуллоева зикр кард, ки дар ширкаташон зиёда аз 50 намуди қандҳо истеҳсол мегарданд ва имрӯз 30 навъи онро пешкаши харидорон намудаанд.

«Маҳсулоти ширкатамонро дар бисёр давлатҳои хориҷи мамлакат ба намоиш -фурӯш гузошта будем, ки таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб намуданд, зеро шириниҳое, ки аз ҷониби ширкати мо истеҳсол мешаванд, дар аксари онҳо хушкмеваҳою донаҳои хушки ватанӣ истифода шудаанд, ки ин тамъи қанду шоколадҳоро болаззаттар мегардонад»,-гуфт Парвина Сайфуллоева.

Ёдовар мешавем, ки аз  6 то 9 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш—фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон — 2021» ҷараён гирифта, маҳсулоти беҳтарин ширкатҳо аз ҷониби сокинон баҳогузорӣ мегарданд.

Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ТОП -30 ширкати Тоҷикистон  21 май сурат мегирад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Май 6, 2021 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент бинои иловагии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва амалӣ мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Конибодом корҳои созандагӣ вусъати тоза мегиранд
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Қатъномаи нави минтақавӣ оид ба муқовимат ба коррупсия бо иштироки Тоҷикистон қабул гардид
Агентии «Тоҷикстандарт : «380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд»
Дар Токио Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон – Ҷопон» баргузор шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ҷаласа доир шуд
Дар Хатлон ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ тақвият меёбад
Лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар Душанбе Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ифтитоҳ гардид
Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд