Ба собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон ёрдампулии якдафъаина расонида шуд

Май 6, 2021 08:46

БОХТАР, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 29 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Бохтар хабар доданд.

Синну соли собиқадорон имрӯз аз 95 то 101 солро ташкил медиҳад.

«Ба ҳар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба маблағи 2500 сомонӣ ёрдампулии якдафъаина расонида шуд», — иброз доштанд дар Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Бохтар.

Бояд гуфт, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Ғалаба дар вилоят чорабиниҳои дорои хусусияти тарбиявӣ ва ватандӯстӣ баргузор мешаванд.

Дар солҳои ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакати мо ба ҷанг сафарбар шуда, зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда, баргаштанд.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 6, 2021 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад