Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиш баргузор гардид

Май 15, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  14 май  бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила  дар тарабхонаи «Бӯстон»-и маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода, оилаҳои намунавӣ аз тамоми шаҳраку деҳоти ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти  Раиси ноҳияи Мастчоҳ  ба АМИТ  “Ховар” иттилоъ доданд, Тоҳир Азиззода иброз дошт, ки ташкили оила аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосии одамон буда, бунёди оилаи солим асоси ҷомеаи солим мебошад. “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки  «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд»,- гуфт Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Зимни баргузории  ҳамоиши мазкур ақди никоҳи ду оилаи навташкил доир шуда, ба як оилаи ҷавони хушбахт, ки соҳиби дугоник гардидаанд, шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон ва армуғони идона тақдим гардид. Ҳамчунин ба як гурӯҳ оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Мастчоҳ Сурайё Яъқубова доир ба фарҳанги оиладории ҷавонон мулоҳизаҳои судманд баён дошта, онҳоро ба сабру таҳаммул ва пойдор нигоҳ доштани хонадонашон даъват намуд.

Дар анҷом ҳунарнамоии санъаткорони ноҳия табъи иштирокчиёнро болида гардонид.

АКС аз МИҲД ноҳияи Мастчоҳ 

Май 15, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад