Дар Академияи идоракунии давлатӣ 7-умин модели СҲШ ҷамъбаст гардид

Май 26, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 26.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ва мутахассисоне, ки ба омӯзиши фаъолияти СҲШ шавқу рағбат доранд ва дар доираи ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон бо платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network 7-умин Модели СҲШ бо иштироки тренерон аз давлатҳои аъзои СҲШ тӯли 4 рӯз роҳандозӣ шуд, ки он 24 май ба анҷом расид.

Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, иштирокчиёни модели мазкурро 17 нафар донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва мутахассисони ҷавони аз 18 то 35-сола ташкил доданд, ки онҳо аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе тариқи пур кардани дархост ва навиштани эссе дар мавзӯи “Ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ дар доираи СҲШ: дастовардҳо ва афзалият” ҷалб гардидаанд. Дар анҷоми конференсия мувофиқи нақша бозии интерактивӣ доир гардид.

Мавриди зикр аст, ки конференсияи мазкур аз 30 апрел то 24 май идома ёфта, дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, ки дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, видеоконференсия-бозии интерактивӣ дар мавзӯи “20 соли фаъолияти СҲШ: Тарҳрезии даҳсолаи нави ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ” доир гардид.

“Модели СҲШ” конференсияест, ки дар раванди он ба иштирокчиён имкони намояндагии давлатҳои аъзои СҲШ, иштирок дар муҳокимарониҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дода мешавад.

Конференсияи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон бори нахуст баргузор шуда, дар фарҷоми он ба иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунандагон гувоҳнома супорида шуд.

Инчунин ғолибони номинаҳои махсус аз ҷониби Котиботи СҲШ бо шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

АКС аз Академияи идоракунии давлатӣ

Май 26, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар машварат вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии нақшавии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ба таври онлайн баргузор шуд
Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Дар Котиботи СҲШ дар Пекин ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи мухаддир» ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
Партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ дар Пекин тақдим гардид
Дар Душанбе доир ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дар Душанбе доир ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай машварат баргузор шуд