Дар асоси созишномаҳои имзошуда беш аз 50 км қитъаи роҳҳои мошингард ва пулу нақб барқарор мегарданд

Май 18, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Созишномаи маблағгузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишномаи лоиҳавӣ байни  Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Мактуб-созишномаи гранти Фонди бисёрҷонибаи трастии донории Барномаи рушди роҳҳо, алоқа ва савдо дар Осиё барои Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4 ба имзо расонида шуданд.

Тибқи хабари  Вазорати молияи ҷумҳурӣ, санадҳои мазкурро Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Хуршед Каримзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд.

Маблағи умумии Лоиҳа 132,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардидааст, ки татбиқи он соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии Лоиҳа- ин баланд бардоштани самаранокии савдои байнисарҳадӣ миёни иштирокчиёни иқтисодиёти минтақавӣ, устуворӣ ба хатарҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Суғд ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Маблағҳои ҷалбшуда барои барқарорсозии қитъаҳои роҳҳои мошингард дар вилояти Суғд: Куруш-Бекобод- 12,3 км, Деҳмой-Ғафуров- 21,9 км, Ғафуров-Хистеварз- 6,3 км, Кучкак-Конибодом- 10 км ва дар ВМКБ: пул дар шаҳри Хоруғ- 1,1 км ва нақб дар мавзеи Барсем- 3,2 км, нигоҳдории дороиҳои роҳ, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, содагардонии интиқоли байнисарҳадии бор ва мусофирон равона мегарданд.

 

 АКС аз Вазорати молияи Тоҷикистон

Май 18, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд