Дар доираи барномаи «Шабе дар Осорхона» озмунҳои «Нигоҳи ман» ва «Ҷӯяндагони хазина» гузаронида мешаванд

Май 15, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан  иттилоъ дода будем, 18 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойтахти фарҳангии ИДМ – 2021 эълон гардидани шаҳри Душанбе дар доираи барномаи калони фарҳангӣ-фароғатии «Шабе дар Осорхона» бори аввал 30 барномаи гуногун пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд. Инчунин дар доираи ин барнома ду озмуни дигар: яке селфии беҳтарин таҳти унвони «Нигоҳи ман» ва дигаре «Ҷӯяндагони хазина» баргузор мегарданд, ки бевосита ба экспозитсия алоқамандӣ доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев хабар дод, озмуни селфии беҳтарин таҳти унвони «Нигоҳи ман» нишон додани як лаҳзаи  фароғати  фарҳангии тамошобин ҳангоми  боздид  аз  осорхона  мебошад. Ташкилкунандагони озмун  чунин мешуморанд, ки озмуни «Селфи дар осорхона» танҳо хусусияти фарҳангӣ-фароғатӣ дошта, ба ягон сиёсат робита ва  ҳадафи танқидӣ низ надорад.

Ба шумо барои ғолиб омадан дар ин озмун танҳо лозим  аст, ки дар  саҳифаҳои расмии мо дар шабакаҳои  иҷтимоии Facebook, Instagram, Twitter, Вконтакте аъзо шуда, маводро дар саҳифаи худ паҳн кунед, дар эзоҳи ин мавод иштироки худро қайд карда, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омада,  дар назди ягон экспонат (селфи) ва ё дар назди бинои осорхона  акс гиред.

Ба ғолибони ҷои якум: миз барои  6 нафар дар  чойхонаи  «Шоми  Душанбе» бо фармоиши  хӯрокҳои  лазиз  ва  шарбату  нӯшокиҳо,

ҷои дуюм: миз барои 4 нафар ва  торти  фармоишӣ барои бо худ бурдани мизоҷ ба  маблағи 150 сомонӣ аз  маркази қаннодии  «Шокалате» ва ҷои сеюм:  купон аз «Атлас-таксӣ» барои  хизматрасонӣ ба  мизоҷ ба  маблағи 150 сомонӣ интизор аст.

Ғолибон 18 май бо ёрии барномаи махсуси рандомайзер эълон карда мешаванд.

Озмуни «Ҷӯяндагони хазина» чунин аст, ки дар баъзе нигораҳои толорҳои намоишии Осорхона рақамҳо гузошта мешаванд,  тамошобинонро мебояд бо таваҷҷуҳ ба нигораҳо нигоҳ кунанд, то навиштаҷоти туҳфа ва рақамро бинанд. Баъдан ба ошёнаи 2-юм ба назди шахси масъул омада, рақам ва номи нигораро гӯянд, ки ин рақам дар кадом экспонат навишта шуда буд. Агар шахс номи экспонат ва рақами дар он бударо дуруст гӯяд, пас соҳиби туҳфа мегардад.  Дар ин озмун туҳфаи молӣ ҷой дода шудааст.

Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангии «Шабе дар Осорхона» 18 май аз соати 18:00 то 23:00 баргузор шуда, барномаҳо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа нигаронида шудаанд. Яъне, дар ин шаб аз тамошобини хурд то бузург вобаста ба синну сол метавонанд барои худ барномае пайдо намоянд.

Ҳамчунин дар ин шаб гӯшаҳои кишварҳои узви ИДМ, ҳунарҳои мардумӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, ҳунари зарб задани сикка, чеҳраҳои таърихӣ ва дигар навъҳо пешниҳод мешаванд.

Ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлат нисбат ба фароғати шаҳрвандон, макони фарҳангӣ будани осорхона ва бештар ҷалб намудани ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Айни замон 120 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин иқдомро амалӣ менамоянд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 15, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд