Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Амирҳусайни Замониниё баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ, ки қарор аст нимаи аввали моҳи июни соли равон дар Душанбе баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






