Дар Душанбе ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд

Май 27, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти  ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо  иштирок намуданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ширин Амонзода  зикр намуд, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи таҳсилоти  касбӣ равона гардидааст. Бо дастгири бевоситаи Сарвари давлат дар соҳаи мазкур ислоҳот оғоз шуда, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои мушаххас қабул ва татбиқ гардида истодаанд.

Ба зикри мавсуф, зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилот дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми муассир дорад.

«Дар ҷараёни ислоҳот имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ба талабот барои  ҷорӣ намудани садҳо ихтисоси дигар барои ворид ва пешниҳод  намудан  ба бозори муосир пеш омадааст. Аз ин рӯ барои ислоҳоти ҷиддӣ ва навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҷиҳати дар зарфи 2 соли оянда ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта  бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021 сарпарастон аз ҳисоби аъзои ҳукумат, вакилони Парлумон, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд»,-  афзуд мавсуф.

Ҳоло дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 1 коллеҷ фаъолият менамоянд. Аз инҳо 11 муассисаи таълимӣ дар шаҳри Душанбе, 8 муассисаи таълимӣ дар вилояти Хатлон, 22 муасссаи таълимӣ дар вилояти Суғд, 2 муассиса дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 10 муассиса дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолияти босамар доранд. Тибқи талаботи муқарраргардида, ҳар муассисаи таълимӣ дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошад. Солхои охир бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони муаасисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат фаро мегирад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вазорат аз рӯи 14 самт: иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт,  техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ ва 97 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ мутахассисон  тайёр карда мешаванд.

Дар литсейҳои касбии техникии ҷумҳурӣ 22 ҳазору 491 хонанда таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 4 ҳазору 354 нафарро  духтарон ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ҳоло 176 нафар хонандаи маъюб, 84 нафар ятими кулл ва 1104 нафар нимятим таҳсил менамоянд, ки ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ва муассисаҳои таълимӣ қарор дорад.

АКСҲО аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Май 27, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд