Дар Кӯлоб барои расонидани кумак ба осебдидагони офати табиӣ нуқтаҳои тиббӣ таъсис ёфтанд

Май 14, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расонидани кумаки тиббӣ ба осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ таъсис дода шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани шаҳрвандон ва муайян намудани хисороти расонидашуда дар пайи ба вуҷуд омадани сел дар дар вилояти Хатлон Ситоди корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дода шудааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Шодихони  Ҷамшед  аз нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ боздид намуда, баҳри иҷрои саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар самти расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд гуфт, ки нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ пурра бо мавод ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин буда, дар ҳолатҳои зарурӣ оҷилан ба муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ расонида мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Май 14, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид