Дар Тоҷикистон ба аҳолӣ аҳамияти расмикунонии вазъи ҳуқуқии муҳоҷиронро шарҳ медиҳанд

Май 4, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ба аҳолӣ аҳамияти расмикунонии вазъи ҳуқуқии муҳоҷиронеро, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, шарҳ медиҳанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ додааст.

Ба хешовандони муҳоҷирон, шаҳрвандоне, ки азми сафар ба хориҷи кишвар доранд, тамоми маълумоти зарурии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, дар бораи ба итмом расидани муҳлати эътибори Фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи татбиқи чораҳои маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ бо сабаби вайрон кардани қоидаҳои будубош» пешниҳод карда мешавад.

Ба корҳои тавзеҳотӣ кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шуъбаҳо машғул мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Россия кор мекунанд, бояд то анҷом ёфтани муҳлат дар воҳидҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия сабти ном шаванд.

Он муҳоҷирони тоҷик, ки асноди дахлдорро сари вақт ба расмият намедароранд, аз Россия хориҷ карда мешаванд ва нисбат ба онҳо қарор дар бораи манъ кардани вурудашон ба Россия ба муҳлатҳои гуногун қабул хоҳад шуд.

АКС аз ВКД Тоҷикистон

Май 4, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад