Дар Ёвон кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола расониданд
ЁВОН, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1941-1945) намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба манзили бобои Хуҷа Дарвешов, сокини 96-солаи деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон омада, паёму кумаки молиявии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин шахси шуҷоъ ва ҳомии Ватан расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 аз ноҳияи Ёвон қариб 2500 нафар иштирок карда, беш аз 1500 нафари онҳо дар роҳи мубориза ҳалок шудаанд. Аз шумораи он 1000 нафаре, ки аз ҷабҳаҳои ҷанг сиҳату саломат ба назди волидон ва наздиконашон баргашта буданд, имрӯз ҳамагӣ як нафари онҳо дар қайди ҳаёт аст, ки бобои Хуҷа Дарвешови 96- сола аз деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мебошад.
АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






