Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюге, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндагони вазоратҳои тандурустии Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаи онлайнӣ Директори минтақавии СУТ дар Аврупо Ҳанс Клюге доир ба фаъолияти намояндагиҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар давлатҳои минтақавӣ сухан гуфт.
Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба фаъолияти СУТ дар Тоҷикистон сухан кард.
Дар анҷом ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ ҳавасмандӣ иброз намуданд.









«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






