ДОНИШКАДАИ ОЛИИ САРҲАДӢ НИЗ ҶАШН ДОРАД. Эҳдо ба 27-умин солгарди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Май 28, 2021 15:07

ДУШАНБЕ, 28.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аскарону афсарони  яке аз сипоҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- Қӯшунҳои сарҳадӣ иди касбии худро таҷлил менамоянд. Он расо 27 сол қабл дар шароити душвор ва бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода  шуд. Моҳи ноябри соли 1992 аввал дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси сарҳадӣ таъсис ёфта, сипас бо қарори Шӯрои Олӣ дар назди Кумита Раёсати марзбонӣ ташкил шуд. Баъдтар, Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва 28 май Рӯзи сарҳадбонон эълон гардид.

Сардори факултети  якуми «Ташкили фаъолияти сарҳадбонӣ»-и Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Амирхон Назаров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имрӯз чӣ гуна хизмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар он мутахассисон барои ҳифзи марзу буми мамлакати мо омода карда мешаванд, тағйир ёфтааст.

«Қӯшунҳои сарҳадӣ зодаи даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Моҳи ноябри соли 1992, вақте ки кишвари мо нав  Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, як комиссия таъсис дода шуд, ки сохторҳои амниятии кишвар, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил диҳад. Сохтори якуми Қӯшунҳои сарҳадӣ — бригадаи таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки 4 гурӯҳи мотомонёврирро дарбар мегирифт, моҳи декабри соли 1992 таъсис дода шуда буд. Фаъолияти ман маҳз дар яке аз ин гурӯҳҳои мотомонёвр оғоз ёфт», — мегӯяд марзбон бо собиқаи кории  29-сола Амирхон Назаров.

Ба гуфтаи ӯ он замон дар асоси Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳифзи сарҳадҳои берунаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Афғонистон дар қаламрави кишвари мо ба зиммаи марзбонони рус гузошта шуда буд. Марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон беш аз 1400 километр аст. Минтақаи кӯҳӣ ва набудани алоқаи мобилӣ амнияти марзро мушкил карда буд. Сарҳадбонон ба маънои аслии ин калима бо душман танҳо мемонанд. Воҳидҳои мо дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар эшелони дуввум хидмат мекарданд ва марзбонони Россия дар сафи аввал меистоданд. Дар манотиқи дигар — дар марз бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон марзбонони тоҷик мустақилона марзро ҳифз мекарданд. Аз соли 2004 инҷониб муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар тамоми самтҳо пурра ба дасти марзбонони тоҷик гузашт. Дар солҳои аввали истиқлоли кишвар дар сарҳад дидбонгоҳҳо дар марзҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон вуҷуд надоштанд. Дар ин самт сарҳадбонон дар биноҳо ва иншооти хоҷагии халқ, ки  бе назорат монда буданд,  ҷойгир мешуданд. Дидбонгоҳҳо ва инфрасохтори маъмулие, ки ҳоло мо дорем, дар ин самт он замон вуҷуд надоштанд. Сохтмони аввалин дидбонгоҳҳо, комендатураҳои сарҳадӣ ва инфрасохтори зарурӣ дар сарҳади Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Дар солҳои охир дар кори Қӯшунҳои сарҳадӣ тағйироти куллӣ ба амал омада, дидбонгоҳҳои сарҳадии нав сохта шуда, аз нав таҷҳизонида мешаванд. Ин имкон дод, ки ҳифзи Сарҳади давлатӣ беҳтар гардида, кори марзбонон сабук шавад. Имрӯзҳо мутахассисони ин соҳа аз ҳисоби сарбозон ва афсарон дар сатҳи баландтарин қарор доранд. Қӯшунҳои сарҳадӣ бо силоҳ, алоқа, таҷҳизот, либоси низомӣ ва пойафзол таъмин мебошанд.

Донишкадаи олии сарҳадӣ имсол 20-сола мешавад. Ин маркази асосии омӯзиши неруҳои марзбонии Тоҷикистон аст. То таъсиси он дар мамлакати мо мутахассисони соҳа танҳо дар Россия ва Қазоқистон тайёр карда мешуданд. Ғайр аз ин, дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Россия ва Қазоқистон афсарон низ таълим мегиранд. Донишкадаро  ҳар сол зиёда аз 100 нафар хизмати сарҳадӣ ва тақрибан 30 нафар дар хориҷи кишвар хатм мекунанд. Ҳамаи хатмкунандагони донишкада бо кор таъмин карда мешаванд, зеро шиддат дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамеша, хусусан пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз қаламрави ин кишвар буд ва боқӣ мондааст. Ҳар сол пас аз хатми таҳсил хатмкунандагони Донишкада ба соҳаҳои гуногун сафарбар карда мешаванд. Ба суоли он ки оё дар Донишкадаи олии сарҳадӣ шаҳрвандони хориҷӣ низ таҳсил карда метавонанд, ҳамсуҳбати мо посух дод, ки «дар Донишкада хориҷиён ҳаққи таҳсил  кардан  доранд, аммо таҳсил намекунанд, зеро тақрибан ҳамаи давлатҳои бо Тоҷикистон ҳаммарз Донишкадаҳои сарҳадии худро доранд.  Донишкада пурра бо кадрҳои касбӣ таъмин мебошад, ки омодаанд таҷриба ва дониши дар амалия дар тӯли солҳои хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ омӯхтаашонро мубодила кунанд.

Афсарони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Академияи сарҳадии Хадамоти федеролии амниятии (ФСБ) Россия ҳар 3-4 сол аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мегузаранд». Амирхон Назаров афзуд, ки Донишкада дорои 16 синфхона аст, ки тибқи Стандартҳои давлатӣ барои омӯзиши фанҳои гуногун муҷаҳҳаз карда шудаанд. Синфхонаҳо бо макетҳо ва асбоби аёнӣ таъмин мебошанд. Фанҳои таълимӣ  ба 4 қисм тақсим шудаанд: фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, фанҳои умумикасбии ҳарбӣ, фанҳои теникӣ ва тахассусӣ-касбӣ. Давоми соли таҳсил курсантҳо натанҳо аз ҷиҳати назариявӣ таълим мегиранд, балки ҳатман онҳо дар амалия низ аз таҷриба мегузаранд. Бо онҳо омӯзиши саҳроӣ гузаронида мешавад. Барои ин дар Донишкада Маркази таълимии саҳроӣ амал мекунад. Пас аз ба охир расидани курси якум, дар тӯли як моҳ курсантҳо ба ҳайси командирони отделенияҳо дар марказҳои таълимӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд ва дар курсҳои дуюму сеюм ва чорум дар фасли тобистон ҳамчун дар ҳайати нарядҳои сарҳадӣ мустақиман дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз таҷриба мегузаранд.

Мавсуф иброз кард, ки танҳо тавассути пайвастани назария ва амалия тарбияи кадрҳои касбӣ имконпазир аст. Умуман, афсарони оянда назария ва амалияи тактикаи Қушунҳои сарҳадӣ, тактикаи умумӣ, таёрии оташфишонӣ, таъминоти муҳандисӣ ва дигар фанҳои касбии ҳарбиро  меомӯзанд.

Донишкада сарҳадбононро барои таъмин намудани кадрҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода менамояд. Афсарон дар чанд самт таълим мегиранд. Дар  Раёсатҳои  минтақавӣ дар Хатлон, ВМКБ ва Суғд Марказҳои таълимӣ оид ба таълими даъватшавандагон дар Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолият мекунанд. Дар он марказҳо сарбозони ҷавон бо ихтисосҳои сарҳадӣ, снайпер, алоқачӣ, ронанда, ошпаз ва  ғайраро меомӯзанд. Марзбонон шабонарӯзӣ навбатдорӣ карда, сарҳадҳои Ватанро ҳифз мекунанд.

Муаллими калони тайёрии оташнишонӣ дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДОС КДАМ), подполковник Улуғбек Гумаев дар суҳбат гуфт, ки “мо имсол 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадиро ҷашн мегирем. Имрӯз таҷлили иди сарҳадбонони Тоҷикистон дар фазои орому осоишта  ва рӯҳияи ифтихор аз соҳибдавлатӣ таҷлил мегардад. Ба ҳамин  хотир ҳайати шахсии ДОС КДАМ зери шиори “30-солагии Истиқлоли давлатиро бо тайёрии баланди ҳарбӣ, интизоми намунавӣ ва дониши хубу аъло пешвоз мегирем” омодагӣ дида истодааст. Дар ДОС КДАМ имрӯз курсантон дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ бо  рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарварӣ тарбияю таълим гирифта, пас аз хатми Донишкадаи мазкур  бо гирифтани ихтисоси мутахассиси хизмати сарҳадӣ ба марзи кишвар сафарбар шуда, дар вазифаи афсарӣ барои муҳофизати давлати азизамон хизмат мекунанд. Давоми солҳои сипаришуда бо ғамхориҳо ва дастгириҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон тамоми отрядҳои сарҳадӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, комендатураи сарҳадӣ бо техника ва лавозимоти ҷангӣ ва хизматии муосир таҷҳизонида шуда, ҳамаи дидбонгоҳҳои  сарҳадӣ   ва биноҳои нав бо таҷҳизоти муосиру замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Ҳоло баҳри пешбурди хизмат ва муҳофизати Ватани азизамон тамоми шароит барои сарҳадбонони тоҷик муҳайё мебошад. Аз мо танҳо талаб карда мешавад,  ки вазифаи бар дӯшамон гузошта-муҳофизати муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуда, ба савганди худ содиқ бошем, ба Пешвои миллат, ба Ватан содиқона хизмат карда, марзу буми кишварамонро ҳама вақт ҳушёронаву зиракона ҳимоя  намоем”.

Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ соли 2001 дар заминаи курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии афсарони сарҳадбонон таъсис ёфтааст. То инҷониб  дар Донишкадаи олӣ афсарҳои ҷавон бо ихтисоси мутахассиси хизмати сарҳадӣ омода карда мешаванд. Солҳои охир дар донишкада гузаронидани корҳои сиёсию тарбиявӣ васеъ ба роҳ монда мешаванд.

“Имрӯзҳо ҳайати омӯзгорон ва профессорони донишкада аз ҳисоби афсарони таҷрибадори дорои амалия ва назария таъйин карда мешавад. Соли дуюм аст, ки дар донишкада духтарҳо дар баробари писарҳо бо умеди дар оянда дар ҳифзи марзи кишвар содиқона хизмат намудан ба таҳсил шурӯъ кардаанд. Инҳо намунаи духтарони тоҷикеанд, ки чун гурдофаридҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи марзу бум омодаанд. Дар оянда мақсад дорем, ки ҷавондухтаронро боз ҳам бештар ба Донишкада ҷалб кунем”.

Дар мавриди қабули донишҷӯён ба донишкадаи мазкур мавсуф шарҳ дод, ки “ҳар довталабе, ки мехоҳад ба донишкада дохил шуда, номи бошарафи донишомӯзи ДОС КДАМ -ро гирад, нахуст бояд дар минтақаҳое, ки зиндагӣ дорад, ба шуъбаҳои амнияти ноҳиявии КДАМ муроҷиат намояд. Ҳангоми муроҷиат кардан аз тарафи кормандони амнияти ноҳиявӣ ҳуҷҷатҳо тартиб дода шуда, тавассути мақомоти вилоятию ҷумҳуриявӣ фиристода мешаванд. Талаботи қабул ин аст: довталаб бояд ҳаматарафа солим бошад, қаду қомати баланд ва албатта, саводи кофӣ дошта бошад. Таърихи халқи тоҷик, забони тоҷикӣ ва забони русиро бояд ҳатман донад. Барои он ки дар донишкада  баъди гузаштан аз имтиҳонҳо донишомӯзон, яъне курсантон ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳам фиристода мешаванд. Айни замон курсантони зиёди мо дар ин давлатҳо таҳсил доранд. Таҳсил дар ДОС асосан 4- сола аст ва айни ҳол зиёда аз 20 нафар унвонҷӯён дар дохили ҷумҳурӣ ва Федератсияи Россия барои ҳимояи рисолаи илмӣ таҳсил доранд. Дар ДОС дар ин самт ҳам фаъолият ба дараҷаи олӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён ҳамаҷониба аз тарафи роҳбарияти Донишкада ва роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти омӯзиши илм, ҳимояи рисолаи илмӣ барои илми ҳарбӣ ва педагогика дастгирӣ меёбанд. Пас аз хатми ДОС донишҷӯён рутбаи аввалини афсарӣ –лейтенант мегиранд».

Афсари шуъбаи кадри ДОС КДАМ, капитан Юнус Ашӯрзода гуфт, ки “ДОС дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  КДАМ  ва Қӯшунҳои сарҳадии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш бурда истодааст. Имрӯз шароит дар ДОС КДАМ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, синфхонаҳои таълимӣ бо  тамоми таҷҳизот   муҷаҳҳаз гардида, курсантон забонҳои хориҷиро низ аз худ карда истодаанд. Ҳамчунин барои курсантон дар Донишкада хобгоҳи писарона ва духтарона бо тамоми шароити зарурӣ ташкил гардида, барои обутоб ёфтани онҳо майдончаи варзишӣ сохта шудааст”.

Курсанти  бахши якуми ДОС  Рухшона Ҷураева мегӯяд, ки “бо хоҳиши худам ба Донишкада ҳуҷҷат супорида, таҳсил намуда истодаам. Ман дар баробари ҷавонписарон мехоҳам барои Ватан ва ҳифзи марзу буми он содиқонаву софдилона хизмат намоям. Маҳз дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувони тоҷик буд, ки имрӯз духтарони тоҷик низ дар баробари мардон қомат рост карда,  овоз баланд мекунанд ва дар сохторҳои қудратии мамлакат хизмат менамоянд.  Мо, ҷавондухтарон ба ин ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат бетараф набуда, кӯшиш мекунем, ки ҷавобан ба ин дастгириҳо бо баҳои хубу аъло хонем, маҳорату малакаи сарҳадбониро аз худ намоем ва дар ҳифзи марзу бум содиқ монем, чунки «пойдории  давлат аз сарҳад сарчашма мегирад». Ҳамзамон бо дастгириҳои  роҳбарияти донишкада ва таълимдиҳандагони он дар Донишкада барои аз худ намудани илму дониши кофӣ ва хусусан буду боши  ҷавондухтарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ки ин моро боз ҳам рӯҳбаланд ва ба андӯхтани илму дониш шавқманд менамояд”.

Командири ротаи ҳифз ва таъминот, капитан Низомиддин Азимов  аз соли 2012 то ба имрӯз дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар вазифаҳои гуногун адои хизмат  дорад.   “Мо, ҷавонон ваъда медиҳем, ки сарҳади давлатиро  чун гавҳараки чашм  ҳифз ва мардонавор сина сипар намуда, аз душманон эмин нигоҳ медорем. Дар баробари ин мо сарбозонро ҳам дар чунин рӯҳия тарбия намуда, ба онҳо ватандӯстӣ, эҳтироми Модар, Ватан, обу хоки аҷдодӣ ва дӯст доштани ҳар ваҷаб хоки диёрро меомӯзонем. Сарбозони мо бо ҷои хоб, хӯрок, ёрии тиббӣ, либосу лавозимоти  зарурӣ сари вақт таъмин мебошанд. Барои чунин ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат пайваста бар он мекӯшем, ки Ватани мо орому осуда ва сарҳади давлатӣ ҳамеша дар амон  бошад»,-иброз дошт Низомиддин Азимов.

Муаллимаи калони кафедраи «Назорати сарҳадӣ»-и ДОС КДАМ, подполковник Заррина Тоирова гуфт, ки «имрӯз дар Донишкада ба курсантон донишу малакаи мукаммал омӯзонида мешавад ва онҳо барои ҳифзи сарҳад омода мегарданд, зеро дар замони муосир бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад,  пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ диққати аввалиндараҷа додан зарур аст».

Иди касбӣ муборак, ҳомиёну муҳофизони Тоҷикистон!

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Май 28, 2021 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд