Филми Румӣ Шоазимов ба барномаи асосии озмунии Кинофоруми ХХХ ҷашнии байналмилалии «Гурди тиллоӣ» шомил шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и коргардони ҷавон ва боистеъдоди тоҷик Румӣ Шоазимов ба барномаи асосии озмунии Кинофоруми ХХХ ҷашнии байналмилалии «Гурди тиллоӣ» шомил шуд.
Тавре ки худи коргардони филм ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, «Гурди тиллоӣ» аз 22 то 31 май дар Севастопол баргузор мешавад.
Аз ҷумлаи беш аз 500 асар ҳайати коршиносон барои иштирок дар барномаи озмунӣ 155 филмро аз 25 кишвар дар 6 категория — филмҳои бадеӣ, филмҳои пурраметражи мустанад, филмҳои кӯтоҳметражи мустанад, филмҳои тасвирӣ, филмҳои дебютӣ ва донишҷӯён ва филмҳо барои кӯдакон интихоб намуд.
Филми «Хаёлпарастони музофотӣ» дар бахши «Филмҳои бадеии пурраметраж» муаррифӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки ин филм, ки дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст, соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои «Падарон ва фарзандон» дар Орел (Россия) аллакай сазовори се ҷоиза шуда буд.
Ғайр аз ин, он бо номинаи махсуси раиси ҳакамони Фестивали байналмилалии филмҳои «Leonid Khromov International Film Festival — 2020» — «Бозёфти сол» қадршиносӣ шудааст.
«Филми ман «Хаёлпарастони музофотӣ» дар жанри мураккаби ҳаҷвӣ наворбардорӣ шудааст. Филм рангин, ғайриодӣ буда, аз ду қисм иборат мебошад. Онҳо ба арзишҳои оилавӣ ва идомаи робита байни наслҳо вобастагӣ доранд», — иброз намуд Румӣ Шоазимов.
Кинофоруми байналмилалии «Гурди тиллоӣ» — фестивалест, ки аз соли 1992 ба ин тараф баргузор мешавад. Аз соли 2010 кино, театр, мусиқӣ, адабиёт ва санъати тасвириро таҳти сарпарастии Форуми славянии санъат «Гурди тиллоӣ» муттаҳид мекунад. Фестивал таҳти шиори «Барои ормонҳои ахлоқӣ. Барои баланд бардоштани рӯҳи инсон» баргузор мешавад.
АКС аз Румӣ Шоазимов








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






