ФУТБОЛ. «Истиқлол» бозии нахустинашро дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон бо ғалаба оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пас аз иштироки муваффақона дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар Лигаи олии Тоҷикистон аввалин бозиашро анҷом дод. «Истиқлол» дар доираи бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи рақобатро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 14-ум ба нишон расонид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозии марказии давр дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи «Истравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Се голи хуҷандиҳоро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Голҳои дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро Илҳомҷон Баротов ва Бахтиёр Абдураҳмонов заданд.
Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон – «Равшан» ва «Хатлон» дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд. Ҳисоби бозиро футболбози бохтарӣ Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 17-ум кушод. Ҳамдастааш Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 79 ҳисобро афзуд. Кӯлобиҳо ба ин ду гол тавассути Эффаҳ Кингслей Осей бо ягол ҷавоб доданд.
Бозии дигар миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт. Люк Леонел аз дастаи «Душанбе» ду гол зад. Голҳои дастаи «Кӯктош»-ро Расул Файзов ва Суҳроб Раҳмонов ба номашон сабт карданд.
Ниҳоят дар бозии охирини давр дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ аз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Шаҳзод Абдураҳимов ба нафъи дастаи «Эсхата» дар дақиқаи 43 ҳисобро кушод, пас аз 5 дақиқа Маҳмадалӣ Содиқов ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюм дастаи «Эсхата» тавассути Боҳирҷон Сангинбоев ва Абдусамад Самадов ду голи дигар зада, ғалабаи дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро дар ин бозии ҷолиб таъмин кард.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии шаш даври бозиҳо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 13 хол садрнишини ҷадвали чемпионат аст. Намояндаи дигари вилояти Суғд – дастаи «Эсхата», ки 8 хол дорад, дар ҷои дуюм ва дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ низ бо 8 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Ёдовар мешавем,ки бозиҳои навбатии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ 15-16 май доир мегарданд. 15 май дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, 16 май дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Истравшан»-и шаҳри Истаравшан вомехӯранд. Вале қабл аз ин 12 май бозии мавқуфмондаи даври аввал миёни дастаҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.
Дар даври шашум бозиҳо бо иштироки дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бинобар сабаби ширкаташон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 (14-20 май) сурат намегиранд.
АКС аз ФФТ








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






