Имрӯз дар 22 муассисаи иҷтимоии вилояти Суғд бахшида ба Рамазон барномаҳои идона доир мешаванд

Май 13, 2021 08:19

ДУШАНБЕ, 13.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 май бахшида ба иди саиди Фитр дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барномаҳои идона доир мешаванд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи роҳбарияти вилоят, чорабиниҳо дар 22 муассиса, аз ҷумла мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакон баргузор шуда, барои беш аз 1800 нафар бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дастурхони идона ороста мешавад.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорабиниҳо ширкат варзида, номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати иди саиди Фитр ба бошандагони муассисаҳо мерасонанд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 13, 2021 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад