Миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавзеи Кокул-Ойхонум сохтмони пул оғоз мегардад

Май 8, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони шашумин пул байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва мавзеи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон  оғоз меёбад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин робита дар Душанбе ҷаласаи маҷозӣ вобаста ба  масъалаҳои дастгирии ҳамкорӣ ва имконият барои рушди иқтисодии минтақавӣ баргузор гардид.

Дар он Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири иқтисоди Афғонистон Карима Хамед Форёбӣ, масъулини вилоятҳои Хатлон ва Тахор, намояндагони Фонди Оғохон  шарикони рушд ва роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зикр намуд, ки дар натиҷаи тавсеаи ҳамкории судманд бо шарикони рушд ва бо дастгирӣ ва сармоягузории онҳо намояндагии Фонди Оғохон дар Тоҷикистон сохтмони пули шашуми байни Тоҷикистон ва  Афғонистон дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва мавзеи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистонро  оғоз менамояд.

Ҳадафи сохтмони пулҳо байни ду кишвар- ин таъмини инфрасохтори зарурӣ, рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, рафтуомади бемамониати шаҳрвандон, табодули беҳтарин дастовардҳои кишварҳо, таҷриба, хизматрасонӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бо ин тартиб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияҳои ҳаммарз ва минтақаи ду кишвари ҳамҷавор мебошад.

Май 8, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад