Моҳи июн Симпозиуми физикҳои Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 25-26 июн симпозиуми физикҳои Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре директори Пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ба номи С. Умаров Фарҳод Шокир ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, дар симпозиум мавзӯи асосии баҳс — ин масъалаи аз нав барқарор кардани фаъолияти ҷамъияти физикҳои Тоҷикистон хоҳад буд.
Интизор меравад, ки ба симпозиум физикҳо аз муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷаи наздик ва дур даъват шаванд. Бо сабаби пандемия инчунин иштироки олимон аз дигар кишварҳо дар шакли видеоконфронс пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, роҳбарияти АМИТ ва пажӯҳишгоҳи мазкур нақша доранд, ки фаъолияти ҷамъияти физикҳои кишварро эҳё кунанд ва ин имкон медиҳад, ки имконоти рақобатпазирии илми ватанӣ баланд карда шавад.
Ба гуфтаи Фарҳод Шокир, ҳоло дар ҷаҳон корҳои фаъоли илмӣ — таҳқиқотӣ дар якчанд ҷамъиятҳои физикҳо дар Германия, Япония, Амрико, Чин, Покистон, Беларус, Ӯзбекистон ва Қазоқистон суръат мегиранд.
Соли 1989 Ҷамъияти физикҳои ИҶШС таъсис ёфта буд ва нусхаи оинномаи он то ҳол дар Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови АМИТ маҳфуз аст. Соли 1990 дар заминаи пажӯҳишгоҳ оинномаи Ҷамъияти физикҳои Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Аммо, бинобар пайомадҳои пароканда шудани Иттиҳод дар соли 1991 ва давраи мураккаби солҳои 90-уми асри гузашта он фаъолияти расмии худро қатъ кард.
«Имрӯз аз баракати кӯшишҳо ва стратегияҳои муваффақи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар шароити сулҳи пойдор ва оромӣ зиндагӣ мекунем ва ин асоси эҳёи таҳқиқоти бунёдии илмӣ ва қарорҳои нави инноватсионии технологӣ мебошад», — зикр кард роҳбари пажӯҳишгоҳ.
Дар тӯли чанд рӯз олимон ва мутахассисоне, ки дар мактабҳои машҳури илмии ҷаҳонӣ ва ширкатҳои технологӣ кор мекунанд, метавонанд воқеъбинона имконияти ҳамкориро бо олимони тоҷик ва мутахассисони ҷавони дорои иқтидор баҳо диҳанд.
АКС аз Пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии АМИТ ба номи С.Умаров








ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






