Муҳриддин Низомӣ: Меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст
ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода 30 апрел дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ду ҳамоиши фарҳангӣ — пардабардорӣ аз рӯйи нимпайкараи нави устод Турсунзода ва Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» доир гардиданд.
Дар он муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини Вазири фарҳанги мамлакат Манучеҳр Шарифзода, ректори Консерваторияи миллӣ Миралӣ Достизода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода, духтари устод Фирӯза Турсунзода, ректори вақти донишкада Тамара Махсумова, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддини Нарзиқул, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Нахуст бо ҳузури иштирокдорони ҳамоишҳои фарҳангӣ таҳти навои мусиқии марғуб парда аз рӯи нимпайкараи нави устод Мирзо Турсунзода бардошта шуд. Ҳамзамон донишҷӯёни донишкада аз осори устод Мирзо Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳурро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, қироат намуда, хотири фарзанди фарзонаи миллатро гиромӣ доштанд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо ин падидаи фараҳбахш, ки мояи ифтихору шодмонии аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат, бахусус ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну кормандони муассиса гардид, табрик намуда, иброз дошт, ки «меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд».
Сипас меҳмонон ва устодону донишҷӯён дар толори «Арғунун» дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявии «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ширкат намуданд.
Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ тазаккур дод, ки «устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефахриду миллат бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш. Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати шоиста намояд, бо халқ ҳамнафасу ҳамқадам бошад, суханро ба манфиати давлат ва ҷамъият истифода созад. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро дар бар мегиранд. Ҳоло онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик ба беш аз панҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд».
Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд зикр намуд, ки «тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст».
Муовини Вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода иброз дошт, ки «устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон аст».
Духтари устод Мирзо Турсунзода- Фирӯза Турсунзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани 110- солагии падари бузургвораш ба ташкилкунандагони ҷашнвора изҳори сипос намуда, хотироти хешро аз ҳаёту фаъолияти қиблагоҳаш баён намуд. Мавсуф инчунин ба тарзи шеърхонии донишҷӯён баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои ба ормонҳои хеш расидан пайваста меҳнат намоянд.
Собиқ ректори донишкада Тамара Махсумова аз сафаре ба шаҳри Боку ёдовар шуд, ки ҳамроҳи академик Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода барои иштирок дар конференсияи байналмилалӣ рафта буд. Ӯ бо ифтихор зикр кард, ки ин ду абармарди миллатро ҳамагон бо нидоҳои «Ғафуров, Ғафуров, Ғафуров!» ва «Турсунзода, Турсунзода, Турсунзода!» истиқбол гирифта, зимни суханрониашон кафкӯбиҳои бардавом намуданд. Ин аз он шаҳодат медод, ки фарзандони содиқи Тоҷикистони маҳбубро на танҳо дар саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки ҷаҳон шинохтаву эътироф кардаанд.
Дар поёни қисмати ифтитоҳии конфронс бахши фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки фарогири осори Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода буд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






