Мулоқоти дуюми вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи «Осиёи Марказӣ ва Чин» дар шаҳри Сиан баргузор шуд

Май 12, 2021 12:38

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ҷониби Чин 12 май дар шаҳри Сиан (ҶМЧ) мулоқоти дуюми вазирон дар чаҳорчӯбаи  «Осиёи Марказӣ — Чин» баргузор шуд. Вазирони корҳои хориҷӣ дар мавриди ҳамкорӣ дар самти мубориза бо пандемияи COVID-19, барқарорсозии иқтисодиёт, дастгирӣ кардани амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки дар пасманзари густариши уфунати  коронавируси нав ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор шуд. Шароити бамиёномада зарурати қабули чораҳои муассиртарро дар чаҳорчӯбаи «Осиёи Марказӣ ва Чин» ҷиҳати вокуниши муштарак ба пайомадҳои башарӣ ва иҷтимоӣ — иқтисодии пандемия тақозо мекунад.

Сироҷиддин Муҳриддин давлатҳои иштирокчии механизмро ба  иттиҳод дар мубориза бо пайомадҳои пандемия аз тариқи истифодаи тамоми захираҳо ва имконоти мавҷуда даъват кард.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҳукумати Чин барои кумаки саривақтӣ дар мубориза бо COVID-19 изҳори миннатдорӣ намуда, инчунин омодагии худро барои якҷоя комилан маҳв кардани сирояти коронавирус дар Чин ва Осиёи Марказӣ тасдиқ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дахл карда, зикр намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ, инчунин дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия бояд густариш дода шаванд.

Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории кишварҳои минтақаро дар соҳаи амният таъкид ва зикр карданд, ки барои сулҳу суботи устувор дар Афғонистон, ки омили асосии таъмини амният дар минтақа мебошад, бояд ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва барқарорсозии иқтисодии ин кишвар афзалият дода шавад.

Дар фароварди мулоқот, вазирони корҳои хориҷӣ Изҳороти муштараки ҷаласаи дуввуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ ва Чин» дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамкории байниминтақавӣ, Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси чаҳорчӯбаи вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ — Чин», Изҳороти муштараки ҷаласаи дуввуми вазирон «Осиёи Марказӣ ва Чин» дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо COVID-19 ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ ва Чин» -ро оид ба Афғонистон қабул карданд.

ДАР АКСҲО: лаҳзаҳо аз China Global Television Network (CGTN)/ ВКХ ҶТ

Май 12, 2021 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд