ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷкистон ҳаво қисман абрнок шуда, борон меборад

Май 5, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, борон меборад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва  рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона  10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ  борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  қисман абрнок дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани жола низ пешбинӣ шуда, дар қисми ҷанубии вилоят чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22  дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо  борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона  19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  14+16 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

Май 5, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар 83- солагӣ аз дунё даргузашт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имконияти рушди хизматрасонии почта дар Тоҷикистон бо истифодаи нақлиёти барқӣ баррасӣ гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд