Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз майдони Дӯстии шаҳри Душанбе дидан намуд.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангӣ дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.













Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






