Раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот доир намуданд

Май 3, 2021 11:18

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 май Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар оғози мулоқот аз ҳодисаҳои охир, ки дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон рух доданд, ёдовар шуда, гуфт, ки «бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи муноқишаҳо гирифта шуд. Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон борҳо мулоқоту музокирот намуданд ва дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламрави сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд».

1 май дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил ва зимни баррасии вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳарду ҷониб аз ҳодисаҳои ахир изҳори таассуф намуда, ба мувофиқа расиданд, ки фавран ба баргардонидани техникаи низомӣ ба макони ҷойгиршавии доимии онҳо шурӯъ мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифтааст. Ҷонибҳо ба таърихи қадимаи халқҳои бародар ишора намуда, омодагии худро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди тарафайн баҳри ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи марзӣ изҳор намуданд.

Зикр гардид, ки Ворух ва Чоркӯҳ таърихи куҳан дошта, мардуми ин сарзамин ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доранд. Давоми чанд соли охир дар рӯзи аввал иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин замина аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро боз ҳам дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, оинҳои неки ҳамсоядориро бо мардуми кишвари ҳамсоя ҳамеша риоя намоянд. Яъне мардуми наздимарзӣ аз худ сабру таҳаммул ва хирадмандӣ нишон дода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи баҳси сарҳадро дар фазои якдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокирот ҳал хоҳанд кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо мардум иброз дошт, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои марзӣ идома дорад. Манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, пурра барқарор гардида, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кумакҳои моливу пулӣ дастрас мегарданд.

Дар охири мулоқот Саймумин Ятимов ба оилаҳои қурбоншудагони даргириҳо изҳори ҳамдардӣ намуд.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 3, 2021 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад