РЎЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ: Иштирокчии ҷанг ва собиқ корманди милиса Абдувалӣ Қаюмов барои хизмати шоиста бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд қадрдонӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 76-солагии иди Ғалаба роҳбарияти Шӯрои созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Абдувалӣ Қаюмовро аёдат намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Абдувалӣ Қайюмов аз таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо барорбар изҳори миннатдорӣ намуда, дар навбати худ дастгирӣ ва пуштибонии роҳбарияти ВКД аз собиқадорони соҳа, бахусус иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро таъкид намуд.
Абдувалӣ Қаюмов иштирокчии ҶДҶ, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ буда, моҳи июли соли 1924 дар Ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1932 ба мактаби ибтидоии зодгоҳаш рафта, соли 1936 синфи 4-умро хатм намудааст ва баъдан то соли 1942 дар колхоз заҳмат кашидааст. Моҳи январи соли 1942 барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, хизматро ба ҳайси телеграфист дар Полки №42 алоқа дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия, Калинский ва Лвови Украина то моҳи апрели соли 1947 идома медиҳад.
Дар давраи иштирок дар ҶДҶ, аниқтараш давоми солҳои 1942-1947 қаҳрамониву шуҷоат нишон дода, дар муҳорибаҳои ҷангӣ ва озод намудани шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия, Украина, шаҳру деҳоти давлатҳои соҳили Балтик ва Чехословакия саҳм гузоштааст.
Баъди анҷоми хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ соли 1947 сарбаландона ба зодгоҳ баргашта, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси колхозчӣ идома медиҳад. Ва соли 1951 ба сафи милитсияи Шӯравӣ пайваста, зиёда аз 30 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти бенуқсон менамояд.
Дар баробари мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳм гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон ҳадафи асосии кору пайкори ин марди наҷиб аст. Ӯ фаъолияти хизматии худро аз вазифаи милитсионери қатории шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара оғоз намуда, то ба вазифаи командири Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и шуъбаи мазкур идома медиҳад ва соли 1982 ба нафақа мебарояд.
Номбурда ҳамчун собиқадори МКД то ҳол дар чорабиниҳои тарбиявӣ ва корҳои роҳбаладии насли имрӯзаи милитсия фаъолона иштирок менамояд. А.Қайюмов зимни иштирок дар маҳфилу чорабиниҳои ташкилнамудаи РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар шаҳри Исфара дар назди ҳайати шахсӣ оиди таърихи милитсияи тоҷик, каҳрамонии кормандони милитсия, ёддоштҳо аз ҷабҳаи ҷанг қисса намуда дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ, риояи қонуният ва пешгирии ҷинояткорӣ саҳм мегузорад.
Барои далерию шуҷоат дар ҶДҶ ҳамчунин дар давраи фаъолият ва собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ будан А.Қаюмов бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд сарфароз гардидааст. То ба имрӯз аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумат, ВКД ва Раёсати он дар вилояти Суғд қаҳрамони матлаби мо борҳо аёдат ва дидорбинӣ шуда, мунтазам аз ҳавасмандиҳои моддиву маънавӣ бархурдор аст.
Барои аъзои Шӯрои созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва насли дар сохтори мақомот амалкунанда Абдувалӣ Қаюмов ҳамчун иштирокчии ҶДҶ, мактаби зиндаи тарғибгари матонату мардонагӣ ва чеҳраи намоён намунаи ибрат мебошад.
АКС аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ








Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд






