Шарҳи расмӣ: сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар маҳалли Испечаки шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 02.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1-уми май як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе оташ гирифт. Ин ҳодиса тахминан соати 18:30 дақиқа рух дод. Нуқтаи таъмини сӯзишвории «ЭКО-ОЙЛ», ки дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехкалон 50) воқеъ аст ва ба соҳибкор Эҳсонҷон Розиқов, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 64, хонаи 72 тааллуқ дорад, баногаҳ оташ гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 18:50 дақиқа дар ҳайати 2 гурӯҳ иборат аз 12 нафар бо 2 автомашинаи садамавӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 13 адад техникаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 9 адад техникаи ёрии таъҷилӣ ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино дар ҷойи ҳодиса фаъолият карданд. Забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати 22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи сӯхтор болопӯши мағозаи шафати НФС-и мазкур, девори саҳни ҳавлии хонаи №17 дар суроғаи ёдшуда ва шишаҳои тирезаҳои боғчаи хусусии кӯдаконаи “Фазл-2010” қисман зарар диданд.
Муайян гардид, ки дар натиҷаи сӯхтор 29 нафар шаҳрвандон зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта: 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.
Аз Муассисаи давлатии Маркази миллии Шифобахш 12 нафар ва аз Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе 10 нафар баъди муоинаи табибон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
Айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд.
Се нафар аз зарардидагон занони аз 25 то 47-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст.
Сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.
Сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мақомоти марбута санҷидаву таҳлил мешавад.
Акс аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд






