Суғд: Машварати омӯзишии адибони ҷавони Тоҷикистон ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва оғози машварати омӯзишии адибони ҷавони Тоҷикистон 20 май дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилояти Суғд ҳамоиши адабию фарҳангӣ доир шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки машварати омўзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар рӯзҳои басо хотирмон ва пуршараф доир мегардад, зеро дар саросари мамлакат 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузург ва мубаллиғи дӯстиву рафоқати халқҳову адабиёт, устоди назми муосири тоҷик Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил мегарданд.
Дар замони фаъолияти бардавоми устод Мирзо Турсунзода ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон борҳо чунин машваратҳо барпо шуда, чеҳраҳои тобноки адабӣ, амсоли Муъмин Қаноат, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Озод Аминзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Камол Насрулло ва дигарон кашф гардиданд.
Мактаби садоқати устод Мирзо Турсунзода дар муносибат ба фарзанди маънавӣ ва шогирди соҳибистеъдоди эшон барои тамоми даврони минбаъда намунаи ибрат гардид. Раҳнамоиву муносибати падаронаи устод ба шогирди соҳибистеъдодаш таъсири файзбахше гузошт ва Лоиқ Шералӣ суннатҳои хоси ин мактабро ҳифз ва давом дода, худ устоди бузурге шуд ва гурўҳи калони шоирони соҳибмақоми имрўзро тарбият кард.
-Устод Лоиқ Шералӣ воқеан аз зумраи он суханваронест, ки бо ашъори баландмазмуни худ барои имрўзиён паёми сулҳу сафо, далерию мардонагӣ, дўст доштани Ватан, хештаншиносиву ваҳдати миллатро ситоиш намуда, мардумро ба фардои шукуфони миллат тарғиб менамуд.
-Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ ба хизматҳои пурарзиши шоир ишора карда, гуфта буданд: «Дар ин миён лозим медонам, хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рўҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса ёдовар шавам».
Дар ҳақиқат ҳам, шоири бузург бо эҷоди осори ватандўстонаи худ моро ба эҳтиром ва гиромидошти муқаддасоти ватан ва марзу бум, истиқлоли кишвар ва расидан ба ваҳдати комил раҳнамоӣ мекунад, — иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Ӯ ҳамзамон афзуд, ки нақши Лоиқ Шералӣ мисли аксари аҳли адабу қалами кишварамон, бахусус дар масъалаи таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва тавассути он офаридани осори шевою равон ва ҷовидонагӣ бахшидан ба ин рукни муҳими давлатдориамон бузург мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар хитоб ба адибони ҷавон таъкид кард, ки дар канори устодони мўътабари хеш ба эҷоду офаридани асарҳои шоистаи замон талош варзида, муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони азиз, оини ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва хидматҳои шоёни бузургони миллатро дар навиштаҳои хеш тарғибу ташвиқ намоянд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим зимни маърӯза аз дастгириҳои давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли адаб ёдовар шуда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани машварати омӯзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуд.
Дар идома ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили ширу шакар сурат гирифт, ки маҳфилорои он Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз шогирдони номвари устод Лоиқ Фарзона буд. Дар маҳфили ширу шакар аз эҷодиёти Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат гардида, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб хотираҳои неки хешро аз ҳамкорӣ ба устод Лоиқ ёдовар шуданд.
Аҳли санъат, ҳунармандони номии вилояту ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ҷӯрабек Набиев, Афзалшоҳи Шодӣ, Исроил Файзиддинов, Ҳасани Камол ва дигарон бо суруду таронаҳое, ки матни онҳо аз ашъори Лоиқ Шералӣ аст, хотири ҳозиринро шод гардониданд.








Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дуюмин Ассамблеяи умумии Эътилофи мероси Осиё баргузор гардид
Филми «Моҳӣ дар шаст» дар синамоҷашнвораи «Парвонаи алмосӣ» ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёфт
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз довталабони озмун барои «Шоҳҷоиза» рақобат менамоянд
Дар намоишгоҳи байналмилалии Пекин нигораҳои нодири Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар тамошо намуданд
Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён тақдим карда шуд
Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






