Тоҷикистон ва Қазоқистон рушди робитаҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дирӯз дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо оид ба имконияти таҳкими ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои дахлдори он, аз ҷумла Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот М. Мирзагалиев даъвати ҷониби Тоҷикистонро барои иштирок дар Машварати роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки баргузории онҳо 26-29 июли 2021 дар Душанбе дар назар аст, пазируфт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






