Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар миёни минтақаҳо ба мувофиқа расиданд

Май 19, 2021 10:24

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон   дар ояндаи наздик ҷиҳати кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар миёни  минтақаҳои ҳарду давлат  мувофиқи талаботи карантин ба мувофиқа расиданд. Ин масъала дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки дар шаҳри Тошканд бо  иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, баррасӣ шуд. Тибқи хабари Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гурӯҳи корӣ Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ шомил буд.

Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот  ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории  гуногунҷанбаи ду кишварро дар партави омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон муҳокима карданд.

Дар ҷараёни музокирот имконоти эҳтимолии афзоиши минбаъдаи мубодилаи мол баррасӣ шуд. Дар ин замина, дар бораи тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими ҳамкории саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи саноати маъдан ва электротехника, энергетика ва нақлиёт гуфтушунид баргузор гардид.

Пас аз ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ протокол ба имзо расид, ки дар қатори дигар масоили мубрами ҳамкорӣ масъалаи муносибатҳои дуҷониба дар самти нақлиёту роҳ низ дар он дарҷ гардид.

Аз ҷумла,  ҷонибҳо барои ба анҷом расондани расмиёти тасдиқи лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити молҳои хатарнок тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон»  то  охири моҳи майи соли 2021, таҳияи  лоиҳаи Протокол «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон»,  дар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои омехтаи нақлиёти автомобилии байналмилалӣ баррасӣ намудани мубодилаи шумораи иҷозатномаҳо барои интиқоли ангишт ва намак, дар ояндаи наздик кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқи талаботи карантин ба мувофиқа расиданд.

Тарафҳо бо дархости ҷониби Тоҷикистон имкони ташкили омӯзиш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ва дар муассисаҳои таълимии касбии ҶСК «Ӯзбекистон Темир Юллари»-ро барои мутахассисони соҳаи роҳи оҳан баррасӣ карданд. Ҳамчунин мувофиқа карда шуд, ки барои рушди долони Ӯзбекистон — Тоҷикистон — Чин ва баръакс, аз ҷумла нақлиёти мултимодалӣ дар ин масир тадбир андешанд.

    Акс аз Вазорати нақлиёти ҶТ

Май 19, 2021 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон брифинги ғайрирасмии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳидро раисӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари бахши ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Котиботи давлатии корҳои иқтисодии Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба тиҷорат, саноати нассоҷӣ ва соҳибкорӣ мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар вохӯрии 7-уми дӯстони Бунёди рушди сабз иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Намояндаи Тоҷикистон нахустин бор ба мақоми Президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид