Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози кишварии СММ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 майи соли 2021 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
С. Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла идомаи гуфтушунидҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот дод. Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллу фасл кунад.
С. Синаноғлу аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва муассисаҳои тахассусии СММ-ро баррасӣ карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






