Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои иҷрои саривақтии тавофуқоти сарони давлатҳоро баррасӣ карданд

Май 12, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ — Чин», ки 11 май дар Сиан баргузор шуд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои ҳарчи зудтари тавофуқоти сарони давлатҳо, санадҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории ҷонибҳоро оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ намуданд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва маориф зикр намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 12, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд