Шоири тоҷик Ато Мирхоҷа якбора барандаи ду ҷоизаи бонуфузи адабии Россия гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоири маъруф, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа якбора барандаи ду ҷоизаи бонуфузи адабии Россия — ордени «Золотая осень» («Тирамоҳи заррин»)-и ба номи Сергей Есенин ва медали «Ф.М. Достоевский. Барои зебоӣ, инсондӯстӣ ва адолат» гардид.
Аз ҷумла, дипломи ҷоизаи адабӣ-ҷамъиятии «Золотая осень»-и ба номи С.А.Есенин ва ордени ҳамном «барои маҳорати баланди бадеии тарҷума»-и асарҳои Александр Блок, Александр Пушкин, Владимир Висотский ва дигар шоирони русзабон ба забони тоҷикӣ ба Ато Мирхоҷа супорида мешаванд.
Ордени «Золотая осень»-и ба номи Сергей Есенинро Ҷамъияти байналмилалии иттифоқҳои нависандагон (ҶБИН) таъсис додааст, ки имрӯз 37 иттифоқи нависандагони ҷумҳуриҳои Россия ва кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид мекунад. Вазифаи асосии ҶБИН, ки вориси қонунии Иттифоқи нависандагон гардидааст, дар қаламрави ИДМ ҳифзи фазои ягонаи фарҳангӣ, нигоҳдорӣ ва рушди ҳамкорӣ бо ташкилоти нависандагон ва адибони алоҳида дар тамоми ҷаҳон мебошад.
Дар бораи кушодашавии Озмуни адабии «Золотая осень» ва қабули шеърҳо ва дархостҳое, ки ба ҳаёт ва фаъолияти Сергей Александрович Есенин, ситоиши Россия ва табиати ватанаш дар эҷодиёти ӯ бахшида шудаанд, қаблан аз ҷониби ташкилоти шаҳрии Иттифоқи нависандагони Россия дар Москва, «Литературная Республика», Иттифоқи нависандагон-тарҷумонҳо ва Лигаи нависандагони Авруосиё эълон нашр гардида буд.
Ғолибони озмун сазовори унвони баранда ва дипломҳои ҷоизаи адабӣ ва ҷамъиятии «Золотая осень» бо нишони (ордени) «Ордени С.А. Есенин» мегарданд.










Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






