23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор мешавад

Май 21, 2021 08:37

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ин идро соли 1997 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода буданд. Пеш аз таҷлили Рӯзи ҷавонон 23 май, Ҳафтаи ҷавонон баргузор мешавад, ки пур аз чорабиниҳои мухталиф барои насли ҷавони кишвар мебошад. Ва он аз барномаҳои варзишӣ, фарҳангӣ, шабҳои назм ва консертҳо иборат мебошад.

Рӯзи якшанбе дар саросари Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон, ки бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷавонон — неруи асосии пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст, бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад.

Дар нимаи аввали рӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон баргузор мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон доимо афзоиши демографӣ сурат мегирад ва нисфи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз маълумоти оморӣ чанд рақамро дар зер меорем, ки воқеан нишон медиҳад, ки ҷавонон қисми зиёди аҳолиро ташкил дода,  нақши асосиро мебозанд:

  • Аз беш аз 9 миллиону 313  ҳазор (тибқи маълумоти Агентии омор то санаи 1 январи соли 2021) нафар аҳолии Тоҷикистон 70 фоизи аҳолӣ то 35 мебошад;
  • Синни миёнаи омории шаҳрванди Тоҷикистон 2,2 сол аст;
  • Дар кишвар 41 донишгоҳи таҳсилоти олӣ мавҷуд аст;
  • Шумораи донишҷӯён дар Тоҷикистон 245 ҳазор нафар аст;
  • беш аз 40 ҳазор нафар аз ҷумлаи ҷавонони Тоҷикистон дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд;
  • Сатҳи умумии саводнокӣ дар байни ҷавонон 99,88% -ро ташкил медиҳад;
  • Сатҳи саводнокӣ дар байни занони ҷавон 99,86% аст;
  • Сатҳи саводнокӣ дар байни мардон 99,89% -ро ташкил медиҳад.

                                       АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 21, 2021 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн