Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Урдун машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

Май 26, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 май нахустин даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун дар шакли видеоконференсия баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ҳайатҳои тарафҳоро муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Муҳаммадӣ  ва  сардори Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Урдун доктор Молик ат-Тавол роҳбарӣ намуданд.

Дар ройзаниҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ миёни  Тоҷикистон ва Урдун дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Май 26, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд