ЗИЁДА АЗ МИЛЛИОН ОДАМ ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН «ДИКТАНТИ ҒАЛАБА» НАВИШТАНД. Чорабинии байналмилалӣ дар Россия, Тоҷикистон ва боз дар 79 кишвари дигар баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар Тоҷикистон дар 6 нуқта- дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва вилояти Суғд «Диктанти Ғалаба» навиштанд. Нуқтаи асосии баргузор намудани чорабинии байналмилалии ватандӯстӣ Хонаи русӣ дар Душанбе гардид. Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Россия ба ин чорабинӣ пайвастанд.
Чорабинии байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чун анъана, бо дастгирии Россотрудничество баргузор гардид. Соли равон ин чорабинӣ дар 81 кишвари ҷаҳон баргузор карда шуд. Бо назардошти хусусияти миқёси ҷуғрофӣ, «Россотрудничество» зикр кард, ки «шакли байналмилалии вазифаҳои тестӣ таҳия шудааст, ки ба якчанд гурӯҳҳои шартии мавзӯӣ — «Америка», «Аврупо», «Осиё», «ИДМ» ҷудо карда шудаанд, инчунин шакли осони он барои хориҷиёне, ки забони русӣ меомӯзанд ва дузабонаҳо» омода шудааст.
«Тибқи анъана, диктант бо забони русӣ гузаронида мешавад, аммо имсол шаклҳои он бо забонҳои англисӣ ва чинӣ низ таҳия карда шуданд», — иброз доштанд дар агентӣ. — Вазифаҳо аз саволҳо дар бораи саҳми кишварҳои эътилофи зиддигитлерӣ, кумаки иттифоқчиён, ташкили кор дар ақибгоҳ, ҳаракати партизанӣ дар Ғалабаи умумӣ» иборат мебошанд.
Натиҷаҳои «Диктанти Ғалаба» то 24 июн ҷамъбаст карда мешаванд. Ғолибон ба Паради Ғалаба дар Майдони Сурхи Москва даъват карда мешаванд. Ва хатмкунандагони мактабҳое, ки ба ҳама 25 саволи тестӣ ба таври ҳузурӣ (дар шакли офлайн) дуруст ҷавоб медиҳанд, ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳҳо холҳои иловагӣ мегиранд.
АКСҲО : rus-ksors.tj









Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






