ФАВРӢ! Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории коронавирус хабар дод

Июнь 21, 2021 17:52

ДУШАНБЕ, 21.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷаласаи навбатӣ вазъи ҳолати имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои Ситод ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.

Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи риояи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинони мамлакат аз тадбирҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ  метавон аз сироятёбӣ ба дилхоҳ беморӣ наҷот ёфт.

Тазаккур дода  шуд, ки, мутаасифона, вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон беаҳмиятӣ зоҳир мекунанд, ки ин метавонад дилхоҳ ҳолатро ба миён орад.

Мавриди зикр аст, ки бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, боғу гулгашт ва маконҳое, ки дар он ҷо пайваста одамони зиёд ҷамъ мегарданд,  қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд гардида, вазъияти карантинӣ эълон карда шудааст.

Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор, аз ҷумла,  пурзур намудани ҳамоҳангии  фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ,  риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сироятии коронавирус андешидани  чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2021 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода