Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз табиати нотакрори Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /НИАТ «Ховар»/. 10 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.
Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карданд.
Дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тозаи ин мавзеъ ба руҳи инсон ҳаловат мебахшад. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони мулоқот, сайру гашт ва тамошои меҳмонони сатҳи олӣ, аз ҷумла Сарони давлатҳои хориҷ гардидааст.
Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ — муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.
Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, кишвари мо дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст ва Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.









Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон






