9 июн дар Бохтар Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мешавад

Июнь 7, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 07.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 9 июни соли равон дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (10-11 июн)  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон пешбинӣ  гардидааст.

Тавре аз Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар қисмати ифтитоҳии чорабинии мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Сардор Умурзаков иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Дар Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон имкониятҳои сармоягузории ду кишвари дӯсту ҳамҷавор-Тоҷикистону Ӯзбекистон муаррифӣ гардида, дар ҷараёни он баргузории маросими баимзорасонии ҳуҷҷатҳои дуҷониба низ сурат мегирад.

Сипас  вохӯриҳо дар формати В2В ва G2В/ баимзорасонии санадҳои дуҷониба  доир мешаванд.

Дар Форуми мазкур ҳамчунин раиси  Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  С.Қодирзода ва раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Икрамов  суханронӣ менамоянд.

ДАР АКС: Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Душанбе, 19 апрели соли 2017. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид