ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ишкошим сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 9 июн бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорию ободонӣ аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ дидан намуданд.
Дар ҷараёни сафар бо мақсади рушди инфрасохтори ноҳия ва беҳтар намудани шароиту имкониятҳои корӣ ба сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия санги асос гузошта шуд.
Гурӯҳи мазкур бо сокинони ноҳия мулоқот намуда, онҳоро ба ифтихори 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, даъват намуданд, ки барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ин ду ҷашни фархундаи миллӣ ҳар кадоме саҳми намоён гузоранд.
Хотиррасон менамоем, ки дар ноҳияи Ишкошим ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 76 иншооти таъйиноти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Аксари ин иншоот аллакай бунёд шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар бо маром идома доранд.










Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






