ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шуғнон зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён дорад.Аз ҷумла, аз ҷониби ширкати Помир Энерҷӣ дар деҳаи Танги ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии назди НОБ-и «Помир -1» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқӣ моҳи октябри соли 2020 оғоз гардида, мутобиқи нақша моҳи августи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмону васлкунии дар зеристгоҳи барқии мазкур раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода боздид ба амал оварда, иқдоми ширкатро беҳтарин иқдом дар самти амалигардонии дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Раиси ноҳия ҷиҳати зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва васлу насби трансформатори зеристгоҳи барқии нав ба масъулини шабакаҳои барқии ноҳия дастуру тавсияҳои иловагӣ дод.
Навсозии зеристгоҳҳои болозикр имкон фароҳам меоварад, ки шиддатнокӣ дар шабакаҳои барқии минтақа устувор, сарбории трансформаторҳо муътадил ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин зеристгоҳҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ гарданд.
Ногуфта намонад, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон нерӯгоҳи барқӣ “Помир 1” навсозӣ гардида, зеристгоҳҳои барқӣ низ аз нав таҷдиду барқарорсозӣ шуданд, ки сифати таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ боз беҳтару хубтар гардид.
АКСҲО аз МИҲД-и н. Шуғнон








Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






