Бахшида ба ҷашни миллӣ дар Истаравшан корҳои мумфаршкунии роҳҳои кӯчаву маҳаллаҳо вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Мумин Иброҳимови маҳаллаи Курушкадаи шаҳри Истаравшан ба мумфаршкунии роҳи мошингард оғоз карданд. Дарозии роҳ якҷо бо кӯчаҳои ҳамшафати он наздики 1 км ва паҳноии он 9 метрро ташкил медиҳад.Дар оғози корҳои асфалтпӯшкунии роҳи кӯчаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва собиқадорону сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кӯчаҳои дигари маҳаллаи мазкур низ сокинон тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни ваҳдати миллӣ мумфаршкунии роҳи мошингарди кӯчаҳояшонро ба анҷом бирасонанд. Сокинони маҳаллаи мазкур иброз доштанд, ки барои сазовор ва бошукӯҳ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ ҳар як тоҷкистониро зарур аст, ки саҳми хешро дар ободонию шукуфоии сарзамин гузоранд.
-Ободкуниро мо бояд аз хонаи зисти хеш, аз кӯчаву маҳалла ва шаҳрамон оғоз кунем, — иброз доштанд онҳо.
Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бунёди 450 иншоот дар назар дошта шудааст. Аз ин шумора зиёда аз 270-тои он мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Аксҳо аз маркази матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳри Истаравшан











Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






