БАРНОМАИ «ДАРМОН»-И РАДИОИ «ХОВАР»: Ораш Алоӣ дар мавзӯи бемории COVID-19 ва пешгирӣ аз хатари сироятёбии он тавсия медиҳад
ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бемории сироятии COVID-19 ва паёмадҳои хатарзои он ҳамоно яке аз масъалаҳои ташвишовар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон боқӣ мемонад, зеро таҳлилҳо собит намудаанд, ки аз замони хуруҷи ин беморӣ то кунун соҳае нест, ки аз таъсири он зарар надида бошад. Коршиносони соҳа изҳор медоранд, ки ҳаҷми хисороти расонидаи вируси мазкур дар ҷаҳон ба миллионҳо доллар баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли баъзе аз табибон бо гарм шудани ҳаво ин вирус қобилияти мутобиқшавии худро гум карда, маҳв мегардад. Аммо таҷриба баръакси ҳолро нишон медиҳад, зеро чанде пеш, аниқтараш 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои гирифтор шудани шаҳрвандонро ба ин беморӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ расман тасдиқ намуд.
Дар ин баробар бо таъкиди баъзе фарзияҳо мавҷи дуюми COVID-19 дар худ нишонаҳои нав дорад. Ин фарзияҳо то куҷо дурустанд ва гармии ҳаво то чӣ андоза ҷиҳати маҳви бемории мазкур таъсир мегузорад? Ҳамзамон ғайр аз риояи қойидаҳои беҳдоштӣ боз кадом роҳҳо вуҷуд доранд, ки шаҳрвандон тавонанд худро аз хатари гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ доранд?
Сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва омӯзиш дар ИМА Ораш Алоӣ дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ба ин ва дигар саволҳои марбут ба бемории COVID-19 посух мегӯяд.
Шумо метавонед ин барномаро имрӯз, 24.06.2021 соати 09:30 (асл), инчунин такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз мавҷи Радиои «Ховар» бишнавед.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






